МУСИҚИИ ДАЛЕР НАЗАР МАСКАВРО ТАСХИР НАМУД
Маскав, 13 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова) – 26 август дар Кохи консертии «Мир»-и шаҳри Маскав консерти даври охирини сабқати мусиқии оҳангсоз ва сарояндаи машҳури тоҷик Далер Назаров баргузор мегардад. Ҳамзамон Д. Назаров рӯзҳои 10 ва 11 дар фестивали фолклории «Ҳалқаи Саяно-2010» дар Шушенск баромад намуд. Далер Назаров дар ин муддат интихоби васеи иштирок дар ҳама намудҳои санъатро дошт, вале ӯ танҳо мусиқии фолклориро интихоб намуд. «Мо метавонем ба мардуми ин шаҳр дар бораи Ватан ва халқи худ нақл кунем. Забони мо чун забони шоирон машхур аст, аз ин рӯ одамон онро аз рӯи талаффуз хеле хуб қабул менамоянд. Мусиқии кишвари ман хеле гуногунҷабҳа ва пурмазмун аст. Кӯҳҳо одамонро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд, аз ин рӯ ҳар деҳа мусиқии махсуси худро дорад ва ин мусиқӣ беҳтарин оҳангҳои ҳар як деҳаро дар худ таҷассум намудааст»- изҳор намуд сарояндаи машҳур дар мусохиба ба хабарнигори Агентии иттилоотии «Сибир». Суруду оҳангҳои Д. Назаров дар шаҳрҳои Екатеринбург, Нижный Новгород ва Санкт-Петербург садо доданд. Мухлисони сершумори сароянда тавассути сурудҳои ӯ бо эҷодиёти шоирони форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Бадриддин Ҳилолӣ ва бо асбобҳои миллӣ ва мардумӣ ошно гардиданд. Дар оҳангҳои Д. Назаров садои рубоб, таблак, сетор, табли ҳиндӣ бо асбобҳои муосир-гитара, барабан, саксафон ҳамҷӯр гаштанд. Тарҷумаи М. Анварӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






