МУСИҚИИ ДАЛЕР НАЗАР МАСКАВРО ТАСХИР НАМУД

Август 13, 2010 16:21

Маскав, 13 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова) – 26 август дар Кохи консертии «Мир»-и шаҳри Маскав консерти даври охирини сабқати мусиқии оҳангсоз ва сарояндаи машҳури тоҷик Далер Назаров баргузор мегардад. Ҳамзамон Д. Назаров рӯзҳои 10 ва 11 дар фестивали фолклории «Ҳалқаи Саяно-2010» дар Шушенск баромад намуд. Далер Назаров дар ин муддат интихоби васеи иштирок дар ҳама намудҳои санъатро дошт, вале ӯ танҳо мусиқии фолклориро интихоб намуд. «Мо метавонем ба мардуми ин шаҳр дар бораи Ватан ва халқи худ нақл кунем. Забони мо чун забони шоирон машхур аст, аз ин рӯ одамон онро аз рӯи талаффуз хеле хуб қабул менамоянд. Мусиқии кишвари ман хеле гуногунҷабҳа ва пурмазмун аст. Кӯҳҳо одамонро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд, аз ин рӯ ҳар деҳа мусиқии махсуси худро дорад ва ин мусиқӣ беҳтарин оҳангҳои ҳар як деҳаро дар худ таҷассум намудааст»- изҳор намуд сарояндаи машҳур дар мусохиба ба хабарнигори Агентии иттилоотии «Сибир». Суруду оҳангҳои Д. Назаров дар шаҳрҳои Екатеринбург, Нижный Новгород ва Санкт-Петербург садо доданд. Мухлисони сершумори сароянда тавассути сурудҳои ӯ бо эҷодиёти шоирони форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Бадриддин Ҳилолӣ ва бо асбобҳои миллӣ ва мардумӣ ошно гардиданд. Дар оҳангҳои Д. Назаров садои рубоб, таблак, сетор, табли ҳиндӣ бо асбобҳои муосир-гитара, барабан, саксафон ҳамҷӯр гаштанд.               Тарҷумаи М. Анварӣ

Август 13, 2010 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад