МУСИҚИИ ТОҶИК МАШҲУРИ ҶАҲОН

Август 26, 2010 16:29

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард) — 18 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир яке аз оркестрҳои маъруфи ҷаҳонӣ — оркестри симфонии Шоҳигарии Англия таҳти роҳбарии дирижёри боистеъдод Валерий Гергиев, якчанд асарҳои оҳангсози барҷастаи тоҷик — композитори машҳур ва боистеъдоди тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, лауреати мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ Толиб Шаҳидиро сабт намуд. Аз ҷумла, дар натиҷаи ин ҳамкорӣ асарҳои офаридаи Толиб Шаҳидӣ — «Садо», порчаҳо аз балети «Марги судхӯр», «Сиёвуш» ва «Рубоиёти Хайём» сабт гардиданд. Аз ин рӯ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор изҳор менамояд, ки ин воқеаи фарҳангӣ дар таърихи мусиқии тоҷик маротибаи аввал мебошад, ки композитори тоҷик тавонистааст мусиқии тоҷикро дар ҳамкорӣ бо чунин як дирижёри машҳури ҷаҳон муаррифӣ намояд. Ҳамчунин, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ин дастоварди Толибхон Шаҳидиро воқеаи муҳими фарҳангӣ шуморида, онро тӯҳфаи арзандае ба ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти кишвар унвон кард.

Август 26, 2010 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад