НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПОЛЕЗӢ БАРЗИЁД ИҶРО ШУД
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Тибқи маълумоти фаврӣ дар ҷумҳурӣ майдони умумии кишти полезӣ 17564 гектар мебошад ва то имрўз майдони 9591 га ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсол 151456 тонна буда, то имрўз барзиёд, яъне 185704 (123%) тонна иҷро гардидааст. Ҳосилнокӣ 193,6 сентнериро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд аз майдони умумии кишти полезӣ (4193га) ҳосили майдони 1330 га ҷамъоварӣ шудааст. Нақшаи истеҳсол 49270 тонна буда, то имрўз 13176 (27%) тонна иҷро шудааст. Ҳосилнокӣ ба 99,1 сентнерӣ баробар мебошад. Майдони кишти полезї дар вилояти Хатлон 12513 га буда, айни замон майдони 8240 га ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсол 95528 тоннаро ташкил медиҳад, ки то имрўз барзиёд, яъне 172094 (180%) тонна иҷро шудааст. Ҳосилнокӣ 208,9 сентнериро ташкил медиҳад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






