НАҚШИ ПОЙИ ДИНОЗАВР ДАР ШИРКЕНТ

Август 10, 2010 15:15

Турсунзода, 10 август. ( АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Сарзамини Тоҷикистон дилфиребу назаррабо  буда,  дорои  таърихи бой  аст. Ёдгориҳои таърихие, ки  дар минтақаҳои  кӯҳсори тоҷикон мавҷуданд, ҳанӯз   ҳам мавриди  санҷишу омӯзиши  олимон қарор доранд. Боғи табиӣ-  таърихии «Ширкент», ки дар  майдони ҳазор  гектар ҷойгир аст, дорои  таърихи бой ва  куҳан буда,  солҳои зиёд аст, ки  тавваҷӯҳи  олимони тамоми дунёро  ба худ ҷалб кардааст.   Аз ҷумла, дар ин ҷо  нақши пойи динозавр мавҷуд аст, ки  тибқи тахмини  олимон 5 миллион сол пеш зиндагӣ кардааст.  Дар ин ҷо ҷуссаи  дигар ҷонварҳое, ки  дар қаъри уқёнус  зиндагӣ мекунанд, боқӣ мондаанд. Ҳамчунин домнаҳои  маъдангудозии  одамони қадим, қалъаҳо, қабристонҳои онҳо низ  ёфт шудаанд. Боғи табиӣ-таърихии  « Ширкент» ба таври махсус муҳофизат мешавад. Ин мавзеъ имрӯз ҳам мавриди  омӯзиши олимони  мамлакатҳои гуногун  қарор дорад.             Директори боғи  мазкур  Тошмурод Азизов  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки  кормандони боғ мақсад доранд  соҳаи туризмро  густариш дода, ёдгориҳои ин мавзеи  таърихиро  ҳифз намоянд.           

Август 10, 2010 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад