НАҚШИ ПОЙИ ДИНОЗАВР ДАР ШИРКЕНТ
Турсунзода, 10 август. ( АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Сарзамини Тоҷикистон дилфиребу назаррабо буда, дорои таърихи бой аст. Ёдгориҳои таърихие, ки дар минтақаҳои кӯҳсори тоҷикон мавҷуданд, ҳанӯз ҳам мавриди санҷишу омӯзиши олимон қарор доранд. Боғи табиӣ- таърихии «Ширкент», ки дар майдони ҳазор гектар ҷойгир аст, дорои таърихи бой ва куҳан буда, солҳои зиёд аст, ки тавваҷӯҳи олимони тамоми дунёро ба худ ҷалб кардааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо нақши пойи динозавр мавҷуд аст, ки тибқи тахмини олимон 5 миллион сол пеш зиндагӣ кардааст. Дар ин ҷо ҷуссаи дигар ҷонварҳое, ки дар қаъри уқёнус зиндагӣ мекунанд, боқӣ мондаанд. Ҳамчунин домнаҳои маъдангудозии одамони қадим, қалъаҳо, қабристонҳои онҳо низ ёфт шудаанд. Боғи табиӣ-таърихии « Ширкент» ба таври махсус муҳофизат мешавад. Ин мавзеъ имрӯз ҳам мавриди омӯзиши олимони мамлакатҳои гуногун қарор дорад. Директори боғи мазкур Тошмурод Азизов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки кормандони боғ мақсад доранд соҳаи туризмро густариш дода, ёдгориҳои ин мавзеи таърихиро ҳифз намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






