НАҶОТИ КӮҲНАВАРДОНИ УКРАИНӢ

Август 12, 2010 09:24

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 11 август гурӯҳи панҷнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ бо мақсади наҷот додани кӯхнавардони Украина ба Помир  парвоз намуданд. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Устоди варзиши Украина оид ба туризм Олег Монсари 49 сола, ки роҳбари гурӯҳи дунафара буд, аз қуллаи кӯҳи ағбаи Девлохони ҷанубӣ ба поён афтод. Худи ҳамон рӯз алоқа бо кӯҳнавардон канда шуд.   Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дарҳол пас аз маълум шудани ин фоҷеа гурӯҳи наҷотдиҳанда ташкил карда шуд, вале бо сабаби аз кор баромадани чархболи ягонаи Кумита сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида натавонистанд.  Чархболи дуюм, ки дар тобеияти Вазорати мудофиаи ҶТ аст, имрӯз пас аз дарёфти иҷозат бо гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса парвоз кард. Дар айни замон барои наҷот додани кӯҳнавардон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Август 12, 2010 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад