НАСБИ КОНДИТСИОНЕРҲО ДАР ФУРӮДГОҲ

Август 17, 2010 16:09

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурӯдгоҳи Душанбе тадбирҳои мушаххас меандешанд. Бинобар гармии зиёди ҳаво чанде аз мусофирон нисбат ба қаноатбахш набудани ҳарорати ҳаво дар толори қабул ва додани бағоҷ шикоят пеш оварда буданд. Роҳбарияти фурудгоҳ ба масъулини бахш барои насб намудани кондитсионерҳои калонҳаҷм қаблан супориш дода буд. Хушбахтона, дар толори қабули мусофирон 8 адад кондитсионерҳои тамғаи LG, ки ҳар кадом қобилияти сард нигоҳ доштани 300 м3 манзилро дорад, насб карда шуд. Пурсиши гузаронидаи маъмурини фурудгоҳ нишон дод, ки мусофирон акнун аз хизматрасонии кормандони фурудгоҳ розианд. Кормандони толори қабули мусофирон иброз доштанд, ки дар ҳолати паиҳам омадани ду рейс ва ҷамъ шудани мусофирони зиёд кондитсионерҳо тавонистанд ҳарорати дохили биноро мўътадил нигоҳ доранд. Ҳамчунин, дар толори парвозҳои маҳаллии фурӯдгоҳ низ як  адад кондитсионер насб карда шуд. Вобаста ба ин мавзўъ метавон гуфт, ки кормандони хадамоти аэровокзал барои тоза ва озода нигоҳ доштани майдони назди фурудгоҳ пайваста кўшиш менамоянд. Парвариш намудани сабза ва гулҳои рангоранг, доимо дар ҳолати тару тоза нигоҳ доштани гулу буттаҳо ва майдонҳои сабз заҳмати ҳаррўзаро тақозо менамояд. Фурудгоҳи Душанберо дарвозаи кишвар ном мебаранд ва тозаю озода нигоҳ доштани майдон ва атрофи он вазифаи ҷонии кормандон ва ҳар як мусофиру гуселкунанда аст.  

Август 17, 2010 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд