НАСБИ КОНДИТСИОНЕРҲО ДАР ФУРӮДГОҲ
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурӯдгоҳи Душанбе тадбирҳои мушаххас меандешанд. Бинобар гармии зиёди ҳаво чанде аз мусофирон нисбат ба қаноатбахш набудани ҳарорати ҳаво дар толори қабул ва додани бағоҷ шикоят пеш оварда буданд. Роҳбарияти фурудгоҳ ба масъулини бахш барои насб намудани кондитсионерҳои калонҳаҷм қаблан супориш дода буд. Хушбахтона, дар толори қабули мусофирон 8 адад кондитсионерҳои тамғаи LG, ки ҳар кадом қобилияти сард нигоҳ доштани 300 м3 манзилро дорад, насб карда шуд. Пурсиши гузаронидаи маъмурини фурудгоҳ нишон дод, ки мусофирон акнун аз хизматрасонии кормандони фурудгоҳ розианд. Кормандони толори қабули мусофирон иброз доштанд, ки дар ҳолати паиҳам омадани ду рейс ва ҷамъ шудани мусофирони зиёд кондитсионерҳо тавонистанд ҳарорати дохили биноро мўътадил нигоҳ доранд. Ҳамчунин, дар толори парвозҳои маҳаллии фурӯдгоҳ низ як адад кондитсионер насб карда шуд. Вобаста ба ин мавзўъ метавон гуфт, ки кормандони хадамоти аэровокзал барои тоза ва озода нигоҳ доштани майдони назди фурудгоҳ пайваста кўшиш менамоянд. Парвариш намудани сабза ва гулҳои рангоранг, доимо дар ҳолати тару тоза нигоҳ доштани гулу буттаҳо ва майдонҳои сабз заҳмати ҳаррўзаро тақозо менамояд. Фурудгоҳи Душанберо дарвозаи кишвар ном мебаранд ва тозаю озода нигоҳ доштани майдон ва атрофи он вазифаи ҷонии кормандон ва ҳар як мусофиру гуселкунанда аст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






