НЕРӮГОҲИ НАВ ДАР ТОҶИКОБОД
Тоҷикобод, 26 август. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов). — Дар деҳаи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод сохтмони нерӯгоҳи обӣ бо иқтидори 280 квт/ соат босуръат идома дорад. Сохтмони нерӯгоҳро ҶДММ «Ҳунарманд», сарвараш Сайвоҳиди Абдулвоҳид бар ӯҳда дорад. Барои сохтмони нерӯгоҳ Бонки Исломии Рушди Осиё 280 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо намудааст. Ҳоло сохтмони нерӯгоҳ ҷараён дошта, бинокорон ният доранд, ки сохтмони бинои асосии нерӯгоҳ ва васл намудани агрегатҳои онро то охири моҳи сентябр ба сомон расонида, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Бояд гуфт, ки баъди ба истифода додани ин нерӯгоҳ зиёда аз 500 хоҷагии ҷамоати деҳот тамоми сол бо қувваи барқи худӣ таъмин мегарданд,- изҳор намуд Шомуддин Мирзомуддинов, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Тоҷикобод.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






