НОЗИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МОЛДОВА МЕРАВАНД
Душанбе, 18 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-5 сентябри соли 2010 дар Ҷумҳурии Молдова раъйпурсии ҷумҳуриявии конститутсионӣ баргузор мегардад. Дар робита бо даъвати Раиси комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Молдова Евгения Штирбу ҳайати нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба Молдова ташриф оварда, ҷараёни омодагӣ ва баргузории раъйпурсии ҷумҳуриявии конститутсионӣ дар ин кишварро мушоҳида мекунанд. Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳайати нозирони байналмилалии ИДМ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Аҳлиддин Бӯриев шомил аст.