ОҒОЗИ «ҲАФТАИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН» ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Ҳамкориҳои Техникии Олмон, Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон гузаронидани «Ҳафтаи таълими калонсолони Тоҷикистон»-ро аз 23 то 27 августи соли ҷорӣ ба нақша гирифтааст, — гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши робита бо ҷомеаи муассисаи мазкур Ф. Фозилов. Рӯзи 23 августи соли 2010 маросими кушодашавии «Ҳафтаи таълими калонсолони Тоҷикистон» дар дастгоҳи асосии Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросими кушодашавӣ муовини аввали директори Муассисаи давлатии « Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон » Шукурулло Саломов ба ҳозирин аз мақсаду мароми баргузории чорабинии мазкур хабар дод. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки ҷавонон дар ду бахш аз рӯи ихтисосҳои ба талаботи замон мувофиқ омӯзонида шуда, баъди хатм ба онҳо шаҳодатномаҳои касбӣ супорида мешавад.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






