ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ТЕАТРӢ
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).-Рӯзи 22-юми августи соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мавсими 70-уми театрӣ оғоз меёбад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар оғози мавсими нав асари саҳнавии бастакори маъруф Шарофиддин Сайфиддинов-«Рўдакӣ» пешкаши бинандагон мегардад. Асари саҳнавӣ дар бораи лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти асосгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдулло Рӯдакӣ нақл мекунад. Дар асар хусусан саҳнаҳои ба деҳаи Рӯдак ба назди Абуабдуллои ҷавон омадани қосидони амири Бухоро, видои шоири ҷавон бо аҳли байташ ва зиндагии ӯ дар дарбори амир хеле муассир тасвир шудаанд. Дар асар нақши Рӯдакиро ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон А. Мирраҷабов, Нигинаро Ш. Усмонова ва С. Собирова, Робияро — Ф. Мамедова, Амир Насрро ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон М. Достиев ва дигар ҳунармандони шинохта бозӣ мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






