ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ТЕАТРӢ

Август 18, 2010 15:25

Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).-Рӯзи 22-юми августи соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мавсими 70-уми театрӣ оғоз меёбад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар оғози мавсими нав асари саҳнавии бастакори маъруф Шарофиддин Сайфиддинов-«Рўдакӣ» пешкаши бинандагон мегардад. Асари саҳнавӣ дар бораи лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти асосгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдулло Рӯдакӣ нақл мекунад. Дар асар хусусан саҳнаҳои ба деҳаи Рӯдак ба назди Абуабдуллои ҷавон омадани қосидони амири Бухоро, видои шоири ҷавон бо аҳли байташ ва зиндагии ӯ дар дарбори амир хеле муассир тасвир шудаанд.  Дар асар нақши Рӯдакиро ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон А. Мирраҷабов, Нигинаро  Ш. Усмонова ва С. Собирова, Робияро  — Ф. Мамедова, Амир Насрро  ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон М. Достиев ва дигар ҳунармандони шинохта бозӣ мекунанд.    

Август 18, 2010 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад