О. ОҚИЛОВ ОМОДАГИИ ХАТЛОНРО БА ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН БАРРАСӢ КАРД

Август 20, 2010 10:33

Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 19 август дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид.  Дар ҷаласаи ситоди корӣ вазъ ва ҳолати омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакат оид ба саривақт омода кардани иншооти муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистон дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, дар қаламрави вилоят мушкилоти афзун гардидани қарзи истифодаи нерӯи барқу гази табиӣ то ҳол ҷой дошта, ҷамъоварии маблағҳо дар ин соҳаҳо, истеҳсоли ангишт ва ғайраҳо иҷро нагардидааст. Бо натиҷагирӣ аз вазъ ва ҳолати омодагии иншооти муҳими хоҷагии халқи вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 дастур дода шуд, ки то аввали моҳи октябри соли равон мушкилоти мавҷуда бартараф карда шавад. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва шахсони масъули соҳаҳои афзалиятнокро вазифадор кард, ки барои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ, бахусус бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна, барқарорсозии хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, таъмини аҳолӣ, иншооти маориф, фарҳанг, тандурустӣ бо нерӯи барқ ва маводи сӯхт, пешгирии талафоти беасоси нерӯи барқ, ташкили нуқтаҳои бештари фурӯши ангишту гази моеъ, пурра гузаштан ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф ва захира кардани маводи кофии хӯрокворӣ тадбирҳои зарурӣ ва амалӣ андешанд.      

Август 20, 2010 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад