О. ОҚИЛОВ ОМОДАГИИ ХАТЛОНРО БА ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН БАРРАСӢ КАРД
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 19 август дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи ситоди корӣ вазъ ва ҳолати омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакат оид ба саривақт омода кардани иншооти муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистон дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, дар қаламрави вилоят мушкилоти афзун гардидани қарзи истифодаи нерӯи барқу гази табиӣ то ҳол ҷой дошта, ҷамъоварии маблағҳо дар ин соҳаҳо, истеҳсоли ангишт ва ғайраҳо иҷро нагардидааст. Бо натиҷагирӣ аз вазъ ва ҳолати омодагии иншооти муҳими хоҷагии халқи вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 дастур дода шуд, ки то аввали моҳи октябри соли равон мушкилоти мавҷуда бартараф карда шавад. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва шахсони масъули соҳаҳои афзалиятнокро вазифадор кард, ки барои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ, бахусус бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна, барқарорсозии хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, таъмини аҳолӣ, иншооти маориф, фарҳанг, тандурустӣ бо нерӯи барқ ва маводи сӯхт, пешгирии талафоти беасоси нерӯи барқ, ташкили нуқтаҳои бештари фурӯши ангишту гази моеъ, пурра гузаштан ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф ва захира кардани маводи кофии хӯрокворӣ тадбирҳои зарурӣ ва амалӣ андешанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






