ОФАТИ ТАБИӢ ДАР РАШТ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Август 26, 2010 16:14

 Рашт, 26  август. (   АМИТ « Ховар»,  М .Ризвонов). —  Тавре хабар дода будем,  дар натиҷаи боришоти бардавоми борон ва жолаи шадиди шаби 23 августи соли равон дар деҳаҳои Шуле, Понҷе, Вардуч, Бедак, Навдӣ, Қалъаи Шех, Ҳалқарфи ҷамоати деҳоти  Б. Раҳимзода, Нусратулло Махсум , Навдӣ ва шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар натиҷаи омадани сел   ба сокинони деҳаҳои ин ҷамоатҳо зарари зиёди моддӣ расид. Сардори  Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Рашт,капитан Шодмон Ғиёсов иттилоъ дод , ки  мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ 8 хонаи истиқоматӣ қисман, 2 хонаи истиқоматӣ пурра , 8 километр роҳҳои автомобилгард, 8 адад купрӯкҳои мошингузар, 4 километр хати интиқоли барқ,  2 адад трансформатор, 30 километр хати оби нӯшокӣ  , 36 га заминҳои корами хоҷагиҳо , 30 адад биноҳои ёрирасон , 70 оилаи занбӯри асал , 16 сар чорвои калон , 44 сар чорвои майда зарар дида, нобуд шуданд. Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждании ноҳия  ҳаҷми умумии   зарарро  рӯзҳои наздик муайян менамояд.  

Август 26, 2010 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд