ОФАТИ ТАБИӢ ДАР РАШТ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН
Рашт, 26 август. ( АМИТ « Ховар», М .Ризвонов). — Тавре хабар дода будем, дар натиҷаи боришоти бардавоми борон ва жолаи шадиди шаби 23 августи соли равон дар деҳаҳои Шуле, Понҷе, Вардуч, Бедак, Навдӣ, Қалъаи Шех, Ҳалқарфи ҷамоати деҳоти Б. Раҳимзода, Нусратулло Махсум , Навдӣ ва шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар натиҷаи омадани сел ба сокинони деҳаҳои ин ҷамоатҳо зарари зиёди моддӣ расид. Сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Рашт,капитан Шодмон Ғиёсов иттилоъ дод , ки мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ 8 хонаи истиқоматӣ қисман, 2 хонаи истиқоматӣ пурра , 8 километр роҳҳои автомобилгард, 8 адад купрӯкҳои мошингузар, 4 километр хати интиқоли барқ, 2 адад трансформатор, 30 километр хати оби нӯшокӣ , 36 га заминҳои корами хоҷагиҳо , 30 адад биноҳои ёрирасон , 70 оилаи занбӯри асал , 16 сар чорвои калон , 44 сар чорвои майда зарар дида, нобуд шуданд. Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия ҳаҷми умумии зарарро рӯзҳои наздик муайян менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






