ОМОДАГИИ КИТОБХОНАИ КӮДАКОНА БА РӮЗИ КИТОБ

Август 5, 2010 15:33

Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М. Миршакар ба гузаронидани як қатор чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи китоб, ки аз соли 2008 инҷониб дар кишварамон баргузор мегардад, омодагӣ дида истодаанд.    Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб элон гардида буд. Директори китобхонаи бачагона Қурбон Афғонов афзуд, ки дар арафаи иди Рӯзи китоб кормандони китобхона ният доранд, ки мулоқоти намояндагони аҳли илму адабро бо хонандагони фаъоли китобхона ташкил намоянд. Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки «мо нақша дорем мизи мудаввар дар мавзӯи «Китобхонаҳои Тоҷикистон бояд чӣ гуна бошанд?» ташкил намуда, аз тамоми китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳурӣ мутахассисони шӯъбаи китобдориро даъват карда, оид ба вазъи имрӯза, пурранамоӣ ва нигоҳдории фонди китобҳои китобхонаи ҷумҳуриявӣ, танзими санадҳои меъёриву ҳуқуқии корҳои китобдориро  мавриди баррасӣ қарор диҳем». Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи китоб намоиши калони китобҳо дар тамоми ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида мешавад.  

Август 5, 2010 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад