ОЗМУНИ ШОГИРДОНИ МАКТАБИ КИНО-2010

Август 16, 2010 14:50

        Маскав, 16 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Омодагиҳо ба сеюмин озмуни мактаби байналхалқии филмофарони давлатҳои ИДМ, Гурҷистон, Латвия, Литва ва Эстония, ки аз 24 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, оғоз гардид. Ин бо ташаббуси конфедератсияи Иттифоқҳои филмбардорони Руссия, Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ ва Бунёди филмофарии давлати Русия гузаронида мешавад. Дар ин бора хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз шаҳри Маскав иттилоъ дод.        Мактаби синаморо раиси конфедератсияи Иттифоқхои филмбардорон Рустам Иброҳимбеков роҳбарӣ мекунад. Дар озмун шогирдони намояндагони се соҳаи кино-коргардони филмҳои бадеӣ ва мустанад, драматургон ва мунаққидон метавонанд иштирок намоянд.        Барномаи мактаби байналмилалии филмбардорон машғулиятҳои умумӣ, машғулиятҳои мавзӯӣ таҳти роҳбарии ҳунармандони варзидаи кинои Русия, курси мухтасари таърихи кинои сермиллати Шӯравӣ, намоиши филмҳои нахустин, шиносоӣ бо намоишномаҳои нахустини шогирдони мактаби кино ва ғайраро дар бар мегирад.        Дар озмуни таҳсили мактаб талабагони синфҳои охирини шӯъбаҳои коргардонии кино ва драматургони кино, мактабҳои олӣ, хатмкунандагони шӯъбаҳои коргардони кино ва драматургони мактабҳои олии ИДМ, Гурҷистон, Латвия, Литва, Эстония иштирок карда метавонанд. Шарти асосии озмун пешниҳоди филми нахустини мустақилонаи бадеӣ ё мустанад мебошад.  

Август 16, 2010 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад