РАШТ СОҲИБИ ДОНИШГОҲ ГАШТ

Август 27, 2010 10:45

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар ноҳияи Рашт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба истифода дода шуд. Сарвари давлат зимни суханронии хеш тазаккур дод, ки: «Мақсади мо аз бунёди муассисаҳои таълимии нав ва таъмиру азнавсозии мактабҳои мавҷудаи мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити зарурии таълиму тарбия,  омўзонидани илму донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои гуногун барои наслҳои наврас ва ҷавонон мебошад». Мавриди зикр аст, ки филиали мазкур аз рўи ду равия — риёзиву табиӣ ва гуманитарӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии ноҳияҳои водии Рашт мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ тайёр мекунад. Дар он ду факултет ва чор кафедра фаъолият дошта, дар бахшҳои рўзона ва ғоибона 876 нафар донишҷўён таҳсил менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи қаблии донишҷӯёни филиали Донишгоҳи омӯзгорӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки донишҷўёни ин филиал то ба ҳол дар бинои собиқ мактаби №1 ва омўзишгоҳи касбҳои техникии ноҳия сабақ мегирифтанд. Ва имрўз онҳо соҳиби биноҳои хуштарҳу замонавӣ гардиданд, ки барои 860 донишҷў ва хобгоҳ барои 366 ҷой бо тамоми шароити зарурӣ пешбинӣ гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки сохтмони биноҳои мазкур соли 2007 шурўъ гардида, то имрўз аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 19 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Мутобиқи ҳисоботи оморӣ имрўз дар ноҳияҳои водии Рашт дар маҷмўъ 345 муассисаи таҳсилоти умумӣ, як гимназия, се мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятим, инчунин даҳҳо муассисаҳои томактабӣ, панҷ муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва се омўзишгоҳи омўзгорӣ фаъолият мекунанд.

Август 27, 2010 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд