РОМАНҲОИ НАВИ АБРОРИ ЗОҲИР
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова).- Чанд рӯз пеш китоби нави нависандаи ҷавон Аброри Зоҳир таҳти унвони «Дар ҷилди одам» аз чоп баромад. Китоб дар нашриёти «Озар» бо теъдоди 500 нусха чоп шуд. Худи муаллифи асар зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки асарҳои ӯ умуман дар мавзӯъҳои гуногун иншо шуда, ба хонандагон аз вазъияти инсон дар олами пуртаззод, ихтилоф ва моҷарои одамон, инчунин дунёи ботинию зоҳирии онҳо нақл мекунанд. Муаллифи асарҳо зикр намуд, ки онҳо хусусияти тарбиявӣ дошта, рӯзгори мардум ва камбудиву норасоиҳои онро дар бар мегиранд. Воқеаҳои асари «Дар ҷилди одам» дар давоми солҳои барқарор сохтани истиқлолияти давлатии мамлакат рух додаанд. Аброри Зоҳир узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти эҷодии ӯ солҳои 80-уми асри гузашта оғоз ёфтааст. Роману повестҳои солҳои охир таълифнамудаи адиби ҷавон дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шудаанд. А. Зоҳир муаллифи 7 асари калонҳаҷм мебошад. Дар маҷмӯаи повестҳои ӯ «Тулӯи офтоб» силсилаи ҳикояву повестҳо гирд оварда шудаанд. Аз ҷумла, повести «Мусофири ҷодаи ишқ»-ро асари бадеӣ ва сиёсӣ номидан мумкин аст. Нависанда онро ба вазъияти пурмоҷарои мамлакати Афғонистони ҳамсоя бахшидааст. Тавре маълум аст, Афғонистон дар давоми 3 даҳсолаи охир ба саҳнаи задухӯрдҳои сиёсии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон табдил ёфтааст. Муаллиф омилҳоеро таҳқиқ менамояд, ки соҳибони забонҳои тоҷикӣ ва дарӣ, яъне тоҷикони Тоҷикистону Афғонистонро аз ҳам ҷудо сохтаанд. Аброри Зоҳир изҳор намуд, ки айни ҳол ба навиштани 5 романи нав машғул аст. Онҳо ояндаи наздик дастраси хонандагон гардонида мешаванд.