РУШДИ РАВОБИТИ ҲАСАНАИ ДУ КИШВАР

Август 13, 2010 15:18

Душанбе, 13 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 14 август мардуми Покистон Рӯзи истиқлолияти давлатии худро  таҷлил менамоянд. Мавриди зикр аст, ки Покистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 1992 ба расмият шинохт ва намояндагии дипломатии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ кард. Дар тӯли 18 сол робитаҳои гуногунсоҳаи ду кишвар  дар бахшҳои  гуногун беш аз пеш густариш ёфт. Алҳол  муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Покистон дар сатҳи баланд қарор дошта, сафарҳои расмии Сарони ҳар ду кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Осиф Зардорӣ ба давлатҳои ҳамдигар дар тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи ду давлат таъсири  бузург гузошт. Инчунин, мулоқоту вохӯриҳои шахсии роҳбарони воломақоми Тоҷикистону Покистон дар доираи баргузории Саммити созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ, хусусан ЭКО ва Созмони Ҳамкории Шанхай   шаҳодати тавсеа ёфтани равобити ҳасана ва мутақобилан судманд байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон аст.    То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон беш аз 20 ҳуҷҷати ҳамкорӣ, бахусус дар бахши иқтисоду тиҷорат ба имзо расонида шудааст. Сафари Вазири давлатӣ- Раиси Кумитаи сармоягузории  Покистон Салим Мандвивалла дар моҳи июли соли 2010 ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва баргузории мулоқоти соҳибкорони тоҷику покистонӣ дар Душанбе  ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ,  энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ  нақши муассир хоҳад гузошт.  Гардиши мол байни ду кишвар беш аз пеш меафзояд. Ба Тоҷикистон аз Покистон асосан маводи сохтмонӣ- семент, гилхок, мева ва сабзавоти тару тоза, доруворӣ, матоъҳои пахтагӣ ва сунъӣ ворид карда мешавад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон бошад  нахи пахта, алюминиуми аввалия, ангиштсанг, меваҷот, меваи хушк,  асбобҳои рӯзгор ва ғайра содир карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки густариш додани муносибатҳои судманд бо Покистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи Осиё буда, кушодани хатсайри мустақими парвоз байни шаҳрҳои Душанбе – Исломобод шаҳодати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон аст. Зеро ифтитоҳи  роҳи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Покистон  гарави асосии рушди  муносибатҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, мудофиа, маориф, тандурустӣ, варзиш ва ғайра мебошад.   Инчунин, яке аз лоиҳаҳои муҳим  «CASA-1000» -сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон  дар ҳоли татбиқ буда,  дар назар аст, ки то охири соли 2013 ба анҷом мерасад.   Дар бахши ҳамкориҳои илму фарҳанг бошад,  Тоҷикистону Покистонро аз қадимулайём, аниқтараш аз қарни 13  равобити муштараки таърихию фарҳангӣ бо ҳам мепайвандад. Ифтитоҳи Маркази омӯзишии Покистон дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, инчунин сафари ҳайатҳои илмию фарҳангӣ ба Тоҷикистону Покистон, нишасту вохӯриҳои намояндагони фарҳангии ҳар ду кишвар  далели тавсеаи равобити илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон аст.

Август 13, 2010 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд