РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР РОҒУН

Август 26, 2010 14:16

Роғун, 26 август.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Солҳои охир  соҳаи кишоварзӣ   дар шаҳри Роғун  вусъати тоза пайдо менамояд. Зимни  сӯҳбат  бо хабарнигори  АМИТ «Ховар» муовини раиси  шаҳри Роғун  оид ба  соҳаи  кишоварзӣ  Кароматулло  Исоев гуфт, ки соли ҷорӣ деҳқонони  хоҷагиҳои кишоварзӣ   дар масоҳати 2195 гектар кишти такрорӣ гузаронида, дар 1836 гектар  зироати  ғалладонагӣ, дар 108 гектар зироати техникӣ , дар  103 гектар  картошка,  дар  109 гектар сабзавот  ва  дар  39 гектар  зироати хӯроки  чорво  кишт намуданд. Ҷамъоварии  ҳосили зироатҳои  ғаллаи  тирамоҳӣ, ки   дар заминҳои марзи  маъмурии ноҳияи  Фархор мебошад, айни замон оғоз ёфта, то имрӯз аз майдони  720 гектар   гандум  зиёда аз 204 гектари он  ҷамъоварӣ  шудааст, ки  ба   ҳар гектар  17,6 сентнерӣ    рост меояд. Дар маҷмӯъ, то ин дам  361 тонна ғалла  ҷамъоварӣ   шудааст. Кароматулло Муллоев  афзуд, ки дар  соҳаи чорводорӣ  ва паррандапарварӣ  дар ин муддат  мувофиқи   ҳисобот саршумори чорвои  калони шохдор 11148 сар, чорвои майда  33920 сар, парранда 28627 сар ва  занбӯри асал  1802  оиларо ташкил медиҳад, ки  нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта  саршумори чорвои  калон  ба миқдори  320 сар,  чорвои майда 940 сар,  саршумори  парранда 1730 сар ва миқдори  оилаҳои замбӯр 91 адад зиёд шудааст. Ин  шаҳодати он аст, ки  вазъи  соҳаи чорводорию кишоварзӣ  дар Роғун  нисбат ба  солҳои пеш хеле  беҳтар шудааст

Август 26, 2010 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад