САФАРИ Э. РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Август 24, 2010 17:10

24 августи соли 2010 баъд аз ноҳияи Восеъ сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҳамадонӣ идома ёфт. Дар ин ноҳия бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст як мактаби мўҳташами таҳсилоти ҳамагонӣ ба истифода дода шуд, ки бо харҷи 8,7 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 1408 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаби мазкур ҳам аз ҷиҳати меъморӣ, ҳам намои зоҳирӣ ва ҳам шароити таълиму тарбияи хонандагон беҳтарин мактаб дар ин ноҳия хоҳад буд. Синфхонаҳояш бо техникаю таҷҳизоти муосири замонавӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ ва дигар василаҳои электронии таълимӣ муҷаҳҳазанд. Ду синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки ҳарду бо Интернет пайваст мебошанд. Толори барҳавои маҷлисӣ ва ошхонаи зебои мактаб ҳар яке 120 ҷойи нишаст доранд. Толори варзишии мактаб низ муҷаҳҳазу зебо аст, ки боиси хушнудии дўстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим гаштааст. Дар саҳни ҳавлии ин мактаби навбунёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Ҳамадонӣ сўҳбати ошкору самимӣ анҷом дод. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти кишоварзони хоҷаги деҳқонии Дилшоди ҷамоати деҳоти Қаҳрамон аз наздик шинос шуд. Чунонки маълум шуд, шуғли асосии аҳли хоҷагӣ пахтакорӣ аст. Онҳо дар заминҳои худ тухмии хушсифати флора кишт намуда, умед доранд аз ҳар гектараш то 45 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Ба гуфти аҳли хоҷагӣ тухмиҳои флора ва кармени пахта ба иқлим ва обу хоки ноҳияи Ҳамадонӣ созгор омадааст. Онҳо ҳамчунин аз замини ғаллаашон 55 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он ҷуворимакаи дон кишт намудаанд ва аз он 60 сентнерӣ ҳосил бардоштанианд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо кори  хоҷагии моҳипарварии «Моҳии хушзоти Чубек» аз наздик шинос шуда, баҳри ривоҷ додани ин соҳа, парвариши навъҳои беҳтарини моҳӣ таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо ин маҳсулоти ниёзи мардум ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    

Август 24, 2010 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд