САФАРИ КОРИИ Э. РАҲМОН БА НОҲИЯИ ҶИРГАТОЛ

Август 28, 2010 13:04

Нимаи дуюми рўз 27 августи соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷиргатол ташриф оварда, аз якчанд хоҷагиҳои калони картошкапарвари он дидан кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи дурдасту баландкўҳи Ҷиргатол аз заминҳои хоҷагии давлатии тухмпарварии «Қизилсу» — и ҷамоати деҳоти «Алға»-и минтақаи Лахш дидан кард. Зимни сўҳбатҳо бо заҳматкашон ва масъулони ноҳия маълум шуд, ки хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 550 гектар замини корам дорад. Дар 243 гектари он картошка кишт шудааст ва аз ҳар гектараш 400 сентнерӣ ҳосил рўёнданианд. Аз ҷумла 200 тонна картошкаи тухмӣ омода карда, ба дигар минтақаҳои мамлакат бояд пешниҳод намоянд. Дар ноҳия бошад, аз 4545 гектар замини обӣ дар 3300 гектараш картошка кишт карда шудааст ва аз ин миқдор майдонҳои кишт бояд беш аз 60 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бо вусъат додани азхудкунии заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ солҳои наздик ҷамъоварии солонаи  картошка дар ноҳияи Ҷиргатол бояд ба 200 ҳазор тонна расонда шавад. Зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии картошкапарвари ҷамоати деҳоти «Янгишаҳр» — и ноҳияи ҷиргатол зикр гардид, ки онҳо дорои 850 гектар замини корам мебошанд ва аз он 650 гектараш обӣ аст. Дар 335 гектар замини обӣ картошка кишт намудаанд ва аз нашъунамои хуби ниҳолҳо бовар доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 350 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Дар ин ҷо миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва деҳқонону пирони рўзгордида сўҳбати ошкору самимӣ баргузор гашт, ки зимни он доир ба масоили гуногуни ҳаёти ҷомеа гуфтугў сурат гирифт. Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Август 28, 2010 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад