САФАРИ КОРИИ Э. РАҲМОН БА НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
27 августи соли 2010 аз дараи Камароби ноҳияи Рашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварда, нахуст бо вазъи корҳои кишоварзони хоҷагии ба номи Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти «Лангари шоҳ» ва фаъолияти занбўрпарварони хоҷагӣ шинос шуд. Чунонки зикр гардид, ин мавзеъ дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, барои кишти картошка ва парвариши замбўри асал басо мусоид аст. Ба иттилои масъулон, аҳли хоҷагӣ дар майдони 25 гектар картошкаи тухмӣ кишт намуда, умед доранд, ки аз ҳар гектараш то 350 сентнерӣ ҳосил рўёнанд. Замбўрпарвари хоҷагӣ Сайвалӣ Юсупов, ки 101 оилаи замбўр дорад, мегўяд, ки дар солҳои мусоид дар ин мавзеъ аз ҳар оила то 30 килограммӣ асал ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Имсол ў бовар дорад, ки то 25 килограммӣ асал ҷамъоварӣ мекунад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин бо фаъолияти картошкапарварон ва замбўрпарварони хоҷагии деҳқонии «Сари най»-и ҷамоати деҳоти «Ширинчашма» низ аз наздик шинос шуд. Аз манзараҳои зебо ва табиати сабзу хуррамаш маълум буд, ки ин мавзеъ низ дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. То охири моҳи август сабзу хуррам мондани табиати атрофи ин мавзеъ касро ба ҳайрат меоварад. Кўҳҳои атроф ҳанўз барфпўшанду ғаллазори кишти баҳорӣ сабзу хуррам мисли аввали моҳи май аст. Бо дидани чунин манзара кас бори дигар бовар ҳосил мекунад, ки воқеан дар Тоҷикистони офтобрўя дар як вақт манзараҳои 4 фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст. Зимни сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Фароғат Мирзоҷонова, ки ду сол аст пайи ҳам дар озмуни ҷумҳуриявии замбўрпарварон миёни занон ҷойи аввалро сазовор мегардад, маълум шуд, ки ў 8 сол боз бо ин касби сердаромад машғул аст. Айни ҳол ў 70 оилаи замбўр доштааст ва аз он ҳосили дилхоҳ мерўёнад. Ҳангоми боздид аз заминҳои намунавии картошкаи тухмӣ иттилоъ дода шуд, ки имсол дар 690 гектар заминҳои ноҳияи Тоҷикобод картошка кишт шудааст ва аз он беш аз 20 ҳазор тонна ҳосил рўёнданианд. Аҳли хоҷагии Сари най бошад, аз 90 гектар замини обии худ дар 60 гектараш картошкаи тухмӣ кишт намудаанд. ҳосили интизориашон аз ҳар гектар 350 сентнерӣ аст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳарду мавзеи ноҳияи Тоҷикобод бо намояндагони сершумори мардум мулоқот намуда, бо онҳо сўҳбатҳои озоду самимӣ ва хотирмон анҷом дод. Таваҷҷўҳи асосӣ ба истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам баҳри таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ, танзими расму ойини мардумӣ, тарбияи дурусту босифати насли наврас, пешгирӣ аз ҳар гуна зиёдаравӣ дар иҷрои аҳкому аркони динию мазҳабӣ, кўмак ба ятимону бепарасторон, пиронсолону маъюбон, ва оилаҳои камабизоат дар моҳи шарифи рамазон ва арафаи иди саиди фитр зоҳир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд






