« САФИНА » ДАР СУҒД

Август 31, 2010 15:40

Ноҳияи Б.Ғафуров,31 август.(АМИТ «Ховар»,С. Юсуфӣ, М. Амонов).- Имрўз бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров мактаб-гимназияи нави «Сафина» кушода шуд. Ин таълимгоҳи бошукўҳ бо ташаббус ва маблағгузории  шаҳрванд Абдуғаффоров бунёд гардидааст.Дар таълимгоҳи мазкур 250 нафар муҳассилин асосан аз забони олмонӣ, англисиву хитоӣ таълим мегиранд. Таълим бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Хонандагони гимназия бо хўроки гарм ва нақлиёт барои рафту омад таъминанд. Маблағи таълим 230 сомонӣ мебошад . Дар  мактаб-гимназия асосан талабагон аз шаҳри Хуҷанд, шаҳраки Б.Ғафуров ва шаҳри Чкалови вилояти Суғд таҳсил менамоянд. Омўзгорони хеле ботаҷриба ду нафар профессор, чор нафар Аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандагони тахассуси олӣ омодаи таълиманд. Маъмурияти гимназия бо сафоратхонаи Олмон ва Руссия ҳамкории зич дошта, хонандагон бо китобҳои дарсӣ пурра  таъминанд. Мактаб дорои ду майдончаи варзишӣ,ҳавзи шиноварӣ ва лавозимоту  таҷҳизоти мактабӣ  мебошад. Дар расми кушодашавии мактаб-гимназияи «Сафина» раиси ноҳияи Б.Ғафуров Фатҳулло Муҳиддинов , мудири шўъбаи маорифи ноҳияи Б.Ғафуров Дилбар Турсунова, раиси ҷамоати Ёваи ноҳия Ҳотамҷон Фаттоев, намояндаи сафоратхонаи Олмон Фрау Бергер суханронӣ  намуданд.  Бояд гуфт,ки таъсиси ин таълимгоҳ ҳадяи Ҳукумат дар арафаи иди Истиқлолият мебошад.    

Август 31, 2010 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад