СЕМИНАРИ КАРТОШКАПАРВАРОН ДАР НОҲИЯИ МАСТҶОҲ
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президент ва омӯхтани таҷрибаи картошкапарварони ноҳияи Мастчоҳ 9 августи соли равон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки мутахассисону олимони соҳаи картошкапарварӣ семинари машваратии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Семинарро муовини вазири кишоварзӣ Ш.Раҳимназаров оғоз намуд. Сипас, директори Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Т.А.Ахмедов дар мавзӯи «Технологияи парвариши картошкаи тухмӣ», сардори Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ В.С.Мадаминов дар мавзӯи «Роҳҳои муҳофизати картошка аз касалиҳо ва ҳашароти карантинӣ», мудири щӯъбаи ҳимояи растаниҳои Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ҷалилов дар мавзӯи «Роҳҳои муҳофизати картошка аз касаливу ҳашароти зараррасон», сардори Бозрасии назорати давлатии тухмӣ М. Насриддинов дар мавзӯи «Назорати сифат, стандартизатсия ва сертификатсияи картошкаи тухмӣ» суханронӣ намуданд. Инчунин, ду роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ва як нафар мутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳия оид ба таҷрибаи рӯёнидани ҳосили баланди картошка, муовини роҳбари лоиҳаи Агроаксияи Олмон дар водии Зарафшон С.Ҷӯраев оид ба ҳолати имрӯзаи «Рушди тухмипарварии картошка дар водии Зарафшон» ба ҳозирин ибрози ақида намуданд. Дар семинар намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон, ВМКБ ва водии Рашт иштирок доштанд. Онҳо аз таҷрибаву малакаи муфиди мутахассисони картошкапарварии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳравар шуданд. Дар охир иштирокчиёни семинар майдонҳои картошказори хоҷагиҳои деҳқонии «Худгиф», «Д.Шарипов» ва «Ревомутк» -ро аз назар гузаронида, бо таҷрибаи деҳқонони Масчоҳ аз наздик шинос шуданд.