ШАРБАТҲОИ ШИРИНИ ШАҲРИНАВ

Август 18, 2010 14:59

Шаҳринав, 18 август. ( АМИТ « Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар корхонаи консервабарории  ҶДММ  «Шараф»-и ноҳияи Шаҳринав  сехи собунбарорӣ  ба кор оғоз кард. Сехи мазкур дар як  шабонарӯз то  ҳазор дона собун  истеҳсол  менамояд. Маъмурияти корхона мақсад дорад, ки  рӯзҳои наздик  сехи истеҳсоли шарбати  табииро  ташкил намоянд. Зеро шарбати аз меваҳои худӣ истеҳсолшуда  ба  саломатии мардум фоидаовар буда,  талабот ба он  хеле  зиёд  аст. Корхонаи консервабарории  мазкур, ки дар  шаҳраки Чиптӯра  ҷойгир аст, дар  замони шӯравӣ  хеле овозадор  буд. Ин корхона  як муддат аз  кор монда,  вайрону валангор  гардид. Соли 2000-ум  соҳибкори асил  Ислом  Назаров ин  корхонаро харида,  таъмиру тармим намуд ва  дере нагузашта он  ба фаъолияти  пурсамар оғоз намуд. Ҳоло дар  ин ҷо  52 нафар коргар  ба таври  доимӣ ва  148  нафар дар айни  мавсим  кор мекунанд. Бояд гуфт, ки корхона  бо хоҷагиҳои   зиёд ҳамкорӣ дошта, коргарон дар ин ҷо  аз  меваҳои зардолу, олуча, себ,  шафтолу , ангур, хурмо  афшураҳо  тайёр  менамоянд. Ҳамчунин, афшураҳои  аз помидор тайёркардашуда  харидорони зиёд  доранд.      

Август 18, 2010 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад