СОБИҚ ОВОЗХОНИ ДАСТАИ «ГУЛШАН» ДАРГУЗАШТ
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Шаби 25 ба 26 августи соли 2010 баъди бемории тӯлонӣ яккахон, бастакор, сароянда ва роҳбари бадеии гурӯҳи «Сипар»-и назди Вазорати корҳои дохилаи ҶТ — Ҳафиз Саидов даргузашт. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод. Манбаъи номбурда иттилоъ дод, ки Ҳ. Саидов дар синни 42 солагӣ аз бемории сактаи қалб аз олам чашм пӯшид. Ёдовар мешавем, ки Ҳ. Саидов тайи солҳои зиёд дар Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ, ансамбли овозадори «Гулшан» ва аз соли 2000 инҷониб дар ансамбли «Сипар» фаъолият намудааст. Ҳайати кормандони АМИТ «Ховар» бинобар сабаби фавти сароянда ва оҳангсози маҳбуб хеле андӯҳгин буда, ба наздикон ва пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






