СОБИҚ ОВОЗХОНИ ДАСТАИ «ГУЛШАН» ДАРГУЗАШТ

Август 26, 2010 16:31

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Шаби 25 ба 26 августи соли 2010 баъди бемории тӯлонӣ яккахон, бастакор, сароянда ва роҳбари бадеии гурӯҳи «Сипар»-и назди Вазорати корҳои дохилаи ҶТ — Ҳафиз Саидов даргузашт.  Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.  Манбаъи номбурда иттилоъ дод, ки Ҳ. Саидов дар синни 42 солагӣ аз бемории сактаи қалб аз олам чашм пӯшид. Ёдовар мешавем, ки Ҳ. Саидов тайи солҳои зиёд дар Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ, ансамбли овозадори «Гулшан» ва аз соли 2000 инҷониб дар ансамбли «Сипар» фаъолият намудааст. Ҳайати кормандони АМИТ «Ховар» бинобар сабаби фавти сароянда ва оҳангсози маҳбуб хеле андӯҳгин буда, ба наздикон ва пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Август 26, 2010 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад