СОХТМОНИ 8 ХОНА ТО ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Файзобод,17 август.(АМИТ «Ховар»,Зебо Давлатова). — Аз моҳи май инҷониб мардуми саховатманди тоҷик ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб ёрии беғаразонаи худро дареғ надошта ,кӯмаки ғизоию молиявӣ мерасонанд. Тавре муовини раиси ноҳияи Файзобод Шамсулло Абдуназаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо дастгирии раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов, сокинони шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб то ин муддат се хонаи истиқоматӣ сохта, ният доранд, ки ин хонаҳоро дар арафаи ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифода диҳанд. Шамсулло Абдуназаров афзуд,ки соҳибкори ботаҷрибаи ноҳия Дӯстмурод Ҳакимов бо ҳамроҳии фарзандонаш то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз 5 хонаи истиқоматии дигарро сохта ба истифода доданианд. Ӯ афзуд,ки ҳар як хонаи сохташаванда бо тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор, аз қабили қолину кӯрпача,яхдон,телевизору ҷевон таъмин карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






