СОХТМОНИ 8 ХОНА ТО ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Август 17, 2010 15:21

 Файзобод,17 август.(АМИТ «Ховар»,Зебо Давлатова). — Аз моҳи май инҷониб мардуми  саховатманди  тоҷик ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб ёрии беғаразонаи худро дареғ надошта ,кӯмаки ғизоию молиявӣ  мерасонанд. Тавре муовини раиси ноҳияи Файзобод Шамсулло Абдуназаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод, бо дастгирии раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов, сокинони шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои  сокинони аз  офати табиӣ зарардидаи шаҳри  Кӯлоб то ин муддат  се хонаи истиқоматӣ сохта, ният доранд, ки  ин хонаҳоро дар арафаи ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифода диҳанд. Шамсулло Абдуназаров афзуд,ки соҳибкори ботаҷрибаи ноҳия Дӯстмурод Ҳакимов бо ҳамроҳии  фарзандонаш то ҷашни Истиқлолияти  давлатӣ  боз 5 хонаи истиқоматии дигарро  сохта ба истифода доданианд.     Ӯ  афзуд,ки ҳар як хонаи сохташаванда  бо тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор, аз қабили  қолину кӯрпача,яхдон,телевизору  ҷевон  таъмин карда мешавад.  

Август 17, 2010 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид