СОЛИ НАВИ ХОНИШ БО ДАРСИ СУЛҲ ОҒОЗ МЕЁБАД

Август 31, 2010 09:46

       Душанбе, 31 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Беш аз 15 ҳазор толибилмон дар пойтахт бори нахуст дар оғози соли нави таҳсили 2010-2011, ки 1 сентябр шурӯъ мегардад,  по бар остонаи мактаб мегузоранд», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов. Мавсуф афзуд, ки 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш дар тамоми мактабҳо соли нави  хониш бо дарси сулҳ оғоз ёфта, толибилмон тавассути телевизион баромади Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба мавзӯи сулҳ бахшида мешавад, тамошо мекунанд.    Беш аз 130 мактаби таҳсилоти ҳамагонии пойтахт таъмиру таҷдид гардида, бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ки  аз пурра омода будани дабистонҳои пойтахт ба соли нави таҳсил башорат медиҳанд. Дар маҷмӯъ,  дар соли нави таҳсил наздики 170 ҳазор талаба дар пойтахт ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон дар пойтахт 1 мактаби нав дар маҳаллаи «Бофанда» барои беш аз 1200 талаба, 2 литсей ва гимназия барои  бачаҳои болаёқати шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Август 31, 2010 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад