ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КИТОБ ДАР СУҒД
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар соли маориф ва фарҳанги техникӣ санаи 4 сентябри соли равон дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода «Дар бораи таҷлили Рӯзи китоб» ба тасвиб расид. Ҳадафи аслии ин қарор тарғиби китоб, донишу фарҳанги миллӣ ва ташаккули ифтихору худшиносии мардум арзёбӣ мешавад. Мутобиқи қарори мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи китоб, доир намудани фурӯши китобҳо, асарҳои адибони муосир ва намоиши дастхату китобҳои нодир вазифадор шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






