ТАБИБОН ДАР РӮЗИ ИДАШОН СОҲИБИ МОШИН ГАРДИДАНД

Август 19, 2010 15:09

Қурғонтеппа, 19 август. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дар Рӯзи табибон боз як бинои нави беморхонаи вилоятии касалиҳои сил кушода шуд. Дар маросими тантанавии кушодашавии бинои нав Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал иштирок карда, ҳамаи табибонро бо иди касбиашон табрик намуд. Ғ. Афзал қайд намуд, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилоят мунтазам дар мубориза бо бемориҳои сил    чораҳои зарурӣ меандешанд. Қабули Барномаи «мубориза бо бемориҳои сил барои солҳои 2003-2010» шаҳодати ин аст. «Дар ҳоли ҳозир иҷрои корҳо дар доираи Барномаи нави мубориза бо бемории сил барои солҳои 2010-2015 идома дорад. Ҳамчунин вазъи имрӯзаи беморхона дар мавриди таваҷҷӯҳ қарор дошта, барои таъмини беморхона таҷҳизоти зарурӣ ҷудо карда мешавад. Барои тармиму таъмири бинои вилоятии мубориза бо бемории сил 335 ҳазору 756 сомонӣ ҷудо шудааст»- гуфт Ғ. Афзал. Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки беморхонаҳои касалиҳои сили вилоят бо нақлиёт таъмин мешаванд. Худи ҳамон рӯз ба беморхонаҳои касалиҳои сили ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Ҷилликӯл, Носири Хусрав ва беморхонаи вилоятӣ   автомашинаи тамғаи «Нива» тӯҳфа карда шуд. Дар маросими кушодашавии бино ҳамчунин, муавини вазири тандурустии ҶТ Аъзам Мирзоев иштирок намуд.                        

Август 19, 2010 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад