ТАДБИРАНДЕШӢ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ

Август 11, 2010 13:53

Фархор,11 август.(АМИТ «Ховар»,Сулаймон Холов). — Дар  ноҳияи  Фархор   барои  пешгирии  бемории    cил  аз  ҷониби   мутахассисон  ва  табибони  соҳибтаҷриба корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Ҳазратқул  Кавгов, директори   маркази  зидди  бемории  сили  ноҳия  дар  вобастагӣ  ба ин  мавзӯъ  гуфт, ки дар  шаш  моҳи  соли  ҷорӣ дар  ноҳия аз  74  нафар  гирифтори  ин  беморӣ 36   нафарашон    муолиҷа  гирифта , 38   нафари    дигар  дар  беморхонаи  зидди  сили  ноҳия     табобат мегиранд. Ба  гуфтаи  ин  манбаъ  шумораи  беморон  нисбат  ба  ҳамин  давраи   соли  гузашта  7  нафар  афзудааст, ки  аксари  онҳо  муҳоҷирони  меҳнатӣ   мебошанд. Мавриди  зикр  аст,ки   барои  беҳтар гардонидани  шароити  беморон   аз  тарафи  буҷаи  маҳаллӣ  дар  шаш  моҳ  6400  сомонӣ маблағ  ҷудо  гардид.   Ҳамчунин  аз тарафи   ташкилоти   байналмиллалии  «  ХОУП» марказ бо маводи  доруворӣ  ба  таври  ройгон   таъмин  гардидааст. Директори   марказ  Ҳазратқул  Кавгов   иброз  дошт,ки   барои  пешгирӣ  намудани  ин  бемории  сироятӣ   масъулин  моҳе  як  маротиба   дар  байни  шаҳрвандон семинар   мегузаронанд, ки   ин  барои  эмин нигоҳ  доштани  сокинон аз  ин  беморӣ  мусоидат  менамояд. Қобили зикр  аст, ки    мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии   ноҳия    тасмим  гирифтаанд,ки нимаи  дуюми   моҳи  август  барои  таъмири   бинои    маркази  зидди сил  13ҳазору 500   сомонӣ маблағ ҷудо  намуда,  барои  50   нафар  бемор  рахти  хоб   тайёр намоянд.    

Август 11, 2010 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад