ТАЪХИРИ ПАРВОЗҲО ТО БЕҲБУДИ ВАЗЪИ ҲАВО
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).- Дар робита бо дуди ғализи дар фазои шаҳри Маскав ба миёномада фурӯдгоҳи «Домодево» муваққатан баста шудааст. Аз ин сабаб, хатсайрҳои КВД «Тоҷик Эйр»дар самти Душанбе-Домодево-Душанбе то беҳбуди вазъи ҳаво ба таъхир мононда шуданд, иттилоъ дод ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии КВД «Тоҷик -Эйр» Лола Кенҷаева. Ӯ афзуд, ки КВД «Тоҷик Эйр» барои нороҳатии бамиёномада аз мусофирон маъзарат хоста, иттилоъ медиҳад, ки чиптаҳои харидашуда боэътибор буда, оид ба замони парвоз маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






