ТАЙЁРӢ БА СОЛИ НАВ ХОНИШ

Август 5, 2010 15:29

Ҳисор, 5  август  ( АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). Мақомоти иҷроия  ва шӯъбаи    маорифи ноҳияи  Ҳисор ба  соли нави  таҳсил омодагии   ҳамаҷониба мебинанд. Аз ҷумла, корҳои азнавсозии мактаби  таҳсилоти миёнаи  рақами  22 дар деҳаи   Дурбат анҷом   дода шуд.   Аз ҷониби Корхонаи   воҳиди давлатии  сохтмонҳои асосӣ  болопӯш намудани  боми бинои  мактаби № 63 ва азнавсозии  мактаби № 141  дар шаҳраки   Шарора ба нақша гирифта  шуда, таъмири ин   мактабҳо моҳи  майи соли ҷорӣ  оғоз гардиданд.  Мувофиқи   нақша  аз ҳисоби  маблағҳои  маҳаллӣ дар ҳаҷми  500 ҳазор  сомонӣ сохтмони мактабҳои  рақами  68  ва 46   пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, аз ҳисоби  маблағҳои марҳилаи  3-юми  гранти  Фонди   каталикӣ  сохтмони  12  синфхонаи  иловагӣ дар  наздикии   мактаби рақами  19-и  деҳаи Қафшдӯзон, сохтмони 12 синфхонаи  иловагӣ дар назди  мактаби рақами   56-и  деҳаи Шӯроби  Искандар  ва таъмири бинои   асосии мактаби   рақами  29-и  деҳаи  Дучинора  ба нақша гирифта шудааст.  

Август 5, 2010 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад