ТАЙЁРИИ ЧОРВОДОРОН БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

Август 17, 2010 09:36

Файзобод,17 август.(АМИТ”Ховар,Зебо Давлатова) Фасли зимистон дар минтақаи болоии ноҳияи Файзобод дар нимаи моҳи март ба охир расида, дар аввали моҳи ноябр оғоз меёбад.Вобаста ба чунин иқлим кишоварзону чорводорон кӯшиш менамоянд,ки маҳсулоти  зимистонаро ҳарчи тезтар ҷамъоварӣ намоянд. Аз гуфтаи раиси Корхонаи  воҳиди давлатии ба номи Абдулвоҳид Назиров,Маҳмадраҷаб Назиров маълум гардид,ки имсол барои зимистонгузаронии чорво 1200 тонна тарбеда,1700 тонна алафи хушк захира карда мешавад.Аз аввали мавсим то имрӯз 500 тонна тарбеда тайёр карда шудааст,ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 150 тонна зиёд аст. Чорводорони хоҷагии мазкур ният доранд,ки то рӯзи ҷашни  19 умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи захираи хӯроки чорворо пурра ба анҷом расонанд.

Август 17, 2010 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад