ТАЙЁРИИ ЧОРВОДОРОН БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ
Файзобод,17 август.(АМИТ”Ховар,Зебо Давлатова) Фасли зимистон дар минтақаи болоии ноҳияи Файзобод дар нимаи моҳи март ба охир расида, дар аввали моҳи ноябр оғоз меёбад.Вобаста ба чунин иқлим кишоварзону чорводорон кӯшиш менамоянд,ки маҳсулоти зимистонаро ҳарчи тезтар ҷамъоварӣ намоянд. Аз гуфтаи раиси Корхонаи воҳиди давлатии ба номи Абдулвоҳид Назиров,Маҳмадраҷаб Назиров маълум гардид,ки имсол барои зимистонгузаронии чорво 1200 тонна тарбеда,1700 тонна алафи хушк захира карда мешавад.Аз аввали мавсим то имрӯз 500 тонна тарбеда тайёр карда шудааст,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 150 тонна зиёд аст. Чорводорони хоҷагии мазкур ният доранд,ки то рӯзи ҷашни 19 умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи захираи хӯроки чорворо пурра ба анҷом расонанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






