ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ МУТАХАССИСОН
Шаҳринав,23 август.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар ноҳияи Шаҳринав давраи омӯзишӣ барои духтурони байтории ноҳия ба анҷом расид. Семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, таҷрибаи амалии мутахассисон ва омӯзиши навигариҳои соҳаи байторӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад зиёда аз 15 нафар мутахассисон аз ҳудуди ноҳияи Шаҳринав ҳузур доштанд. Машғулиятҳои назариявӣ- амалӣ муддати се рӯз идома ёфтанд. Ин чорабинӣ бо иштироки Хадамоти назоратии давлатии байторӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид баргузор гардида, дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ мегузарад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






