ТАЛОШ БАРОИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН
Турсунзода, 18 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- «Дар ҳақиқат соли ҷорӣ деҳқонони ноҳияи мо дар масоҳати 2960 гектар ҳосили фаровони пахта парвариш намудаанд, ки рӯзҳои наздик ба ҷамъоварии он шурӯъ менамоянд»,- иброз дошт сардори идораи кишоварзии ноҳияи Турсунзода Ҳабибулло Муллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Парвариши ниҳолҳои пахта, бахусус дар хоҷагиҳои «Дӯстӣ», ба номи Аскаралӣ Мирзоев, ба номи Қурбоналӣ Бӯриев, « Намуна», «Ҳақиқат» ва дигар хоҷагиҳо хуб аст. Баланд гаштани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ имкон дод, ки деҳқонон ба парвариши пахта боз ҳам ҳавасманд шаванд, афзуд Ҳ Муллоев. Дар хоҷагиҳои ноҳияи Турсунзода деҳқонони соҳибтаҷриба хеле зиёданд. Онҳо ҳамасола тавассути меҳнати самарабахш ҳосили фаровони ғалла, пилла, меваю сабзавот ва дигар маҳсулотро ҷамъ меоранд. Имсол низ кишоварзон баҳри ҷамъоварии ҳосили фаровон саъю кӯшиш доранд. Деҳқонони ноҳия то имрӯз дар масоҳати ҳазору 100 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






