ТАЪМИРИ РОҲҲО ДАР МӮЪМИНОБОД

Август 18, 2010 15:28

Мӯъминобод, 18 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Муассисаи  давлатии  роҳҳои  автомобилгарди  ноҳияи  Мӯъминобод  дар  давоми  7  моҳи  соли  ҷорӣ   таъмири   43 км  роҳи автомобилгарди  аҳамияти  маҳаллӣ  ва  ҷумҳуридоштаро ба итмом  расонид, ки  маблағи  он  13 794  сомониро  ташкил дод. Темур  Ҳаётов сардори  муассисаи  мазкур   зимни  сӯҳбат  иброз  дошт, ки бар асари  боронгариҳои  пай дар пай ва омадани сели моҳи  майи  соли  ҷорӣ як  кӯпруки деҳаи Тутуи   ҷамоати  деҳоти  Туту ба  пуррагӣ   хароб  гардид. Айни  ҳол  корҳои  барқароркунии он   аз  тарафи  муассиса   муташаккилона    ҷараён дошта, барои аз нав барқароркунии  кӯпрук        45310  сомонӣ маблағ  масраф  гардидааст. Темур  Ҳаётов  зикр  кард, ки  муассиса  барои  зимистонгузаронӣ  пурра  омода  буда,   401т  маводи  зидди  лағжиш ( намак  ва  қум), 210 т асфалт, 20 т  битон  захира  намудааст.  

Август 18, 2010 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад