ТАРОЗУҲОИ ИНСОФ ДАР МОҲИ РАМАЗОН
Душанбе, 11 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 400 адад тарозуҳои сохти чиноии бозорҳои пойтахт аз истифода гирифта шуд. Тибқи иттилои сармутахассиси маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров, ин тадбир дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе ва фармони директори Агентии «Тоҷикстандарт» андешида шуда, ҳадафаш ба танзим даровардани вазъи бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини сифати маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон аст. М. Ашӯров афзуд, ки ба ҷои тарозуҳои чиноӣ тарозуҳои дупалагӣ сохти эронӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Тарозуҳои сохти эронӣ саҳеҳияти баркашиашон беҳтар буда, ҷавобгӯи стандарт мебошанд. Ин тадбир дар дигар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, дар моҳи Рамазон дар бозорҳои шаҳр аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» назорат бурда шуда, санҷишҳо гузаронида намешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






