ТАРОЗУҲОИ ИНСОФ ДАР МОҲИ РАМАЗОН

Август 11, 2010 10:09

Душанбе, 11 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 400 адад тарозуҳои сохти чиноии  бозорҳои пойтахт аз истифода гирифта шуд. Тибқи иттилои сармутахассиси маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров, ин тадбир дар асоси супориши  Раиси шаҳри Душанбе ва фармони директори Агентии «Тоҷикстандарт» андешида шуда, ҳадафаш  ба танзим даровардани вазъи бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани  сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини сифати маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон аст. М. Ашӯров афзуд, ки   ба ҷои тарозуҳои чиноӣ тарозуҳои дупалагӣ сохти эронӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Тарозуҳои сохти эронӣ саҳеҳияти баркашиашон беҳтар буда, ҷавобгӯи стандарт мебошанд.  Ин тадбир дар дигар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон,  дар моҳи Рамазон дар бозорҳои шаҳр аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» назорат бурда шуда, санҷишҳо гузаронида намешаванд. 

Август 11, 2010 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд