ТАШКИЛИ МАКТАБИ ШАБОНАРӮЗИИ МАХСУС
Душанбе, 26 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар оғози соли нави таҳсили 2010-2011 дар пойтахт мактаби ибтидоии шабонарӯзии таҳсилоти махсус кушода мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонд. Мактаби мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва офияти кӯдакони нобино ва узви босираашон суст дар заминаи синфҳои ибтидоии шабонарӯзии назди мактаби таҳсилоти умумии №56 ноҳияи Сино ташкил карда мешавад. Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки тибқи қарори М. Убайдуллоев сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов вазифадор гардидааст, ки оинномаи мактаби мазкурро таҳия ва аз қайди давлатӣ гузаронида, воҳидҳои кории онро дар мувофиқа бо Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе таҳия ва тасдиқ намояд. Назорати иҷрои қарори мазкур ба ӯҳдаи муовини Раиси шаҳр Санавбар Раҳимова вогузор шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






