ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БА ДАВРИ НИҲОӢ БАРОМАД

Август 17, 2010 14:06

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Варзишгари ҷавони тоҷик Баҳодур Қодиров дар сабқати гӯштини озод дар вазни то 63 килограмм дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур бар рақибонаш се пирӯзӣ ба даст овард.   Баҳодур Қодиров рӯзи 17-уми август дар рақобатҳо нахуст бар Муҳаммад Будара аз Алҷазоир бо ҳисоби 4:0 ғолиб шуд. Баъдан Амдеоус Перераро аз Гвинея бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Рақиби сеюми Баҳодур Квинтон Мерфий аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд. Паҳлавони тоҷик бо гӯштингири амрикоӣ қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 3:1 ғолиб гардид. Баҳодур Қодиров барои ба даст овардани ҷойи аввал ва медали тиллои олимпӣ бо варзишгари Русия Азаматби Пашнатлов мубориза мебарад.  

Август 17, 2010 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад