ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР КӮЛОБ

Август 13, 2010 14:24

Кӯлоб, 13 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов) — Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва ба ин васила дарёфти мутахассисон барои ташкилоту муассисаҳои мухталиф дар боғи фарҳанг ва истироҳатии  шаҳри Кӯлоб ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир гардид, ки  бо ташаббуси  раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии минтақаи Кӯлоб ташкил гардид. Дар ярмарка аз корхонаву муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа беш аз  1729 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро  пешниҳод намуданд. Ёдовар мешавем, ки аз оғози сол то имрӯз  аз ҷониби раёсати минтақавӣ 62  ярмарка доир карда шуд, ки маҳз тавассути  ин ярмаркаҳо 10592 ҷойи кор пешкаши корҷӯён гардид. Аз 4819 муроҷиати шаҳрвандон ба ихтисосҳои гуногун 1900 нафар бо ҷои кор аз рӯи ихтисос таъмин гардида, 682 нафар ба корҳои ҷамъиятию мавсимӣ ва 695 нафар ба касбомӯзӣ сафарбар гардиданд. Дар ярмакаи имрӯза бештари ҷойҳои корӣ аз ҷониби шӯъбаҳои маориф ва фарҳанги шаҳру ноҳияҳо  барои интихоб гузошта шуда буд, ки аксарияти шаҳрвандон  ҷойҳои муносибро дарёфт намуданд. Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии минтақаи Кӯлоб ният дорад, ки то охири соли 2010 якчанд  ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор намояд .     

Август 13, 2010 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад